- rceeca.tj
Мақолаи илмии корманди Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои экологӣ (PhD )Меҳровар Охонниёзов дар ҳаммуаллифӣ бо олимони Тоҷикистон ва Хитой дар маҷаллаи байналмилалии “Journal of Arid Land” ба нашр расид. Ин маҷалла яке аз нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаҳои экологияи минтақаҳои хушк, илмҳои муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад.
- rceeca.tj
Мақолаи илмии корманди Марказӣ илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктор Мустафо Сафаров дар муаллифи бо олимони соҳа аз муассисаҳои илмии Тоҷикистон, Хитой, Ҳиндустон ва Покистон дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии «Global and Planetary Change» ба нашр расид. Маҷаллаи «Global and Planetary Change» ба гурӯҳи маҷаллаҳои сатҳи баланди Q1 шомил буда, яке аз нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, криосфера ва илмҳо оид ба Замин ба ҳисоб меравад.
- rceeca.tj
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) аз нашри монографияи илмии олимони Марказ таҳти унвони «Хатарҳои глятсиологӣ (Пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон) / Гляциологические риски (Ледники и ледниковые озера Таджикистана)» хабар медиҳад.
- rceeca.tj
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Форуми байналмилалии «Хатарҳои обӣ ва иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ», ки дар ҳошияи Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» санаи 25 майи соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, буклети «Кӯли Сарез (115-солагии пайдоиши кӯл)»-ро ба иштирокчиёни чорабинии илмӣ пешниҳод намуд.