10 октябри соли 2026 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси ҷамъбасти натиҷаҳои Экспедитсияи сеюми комплексии илмӣ-тадқиқотӣ дар Шинҷон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ва дигар олимону муҳаққиқон иштирок намуданд.

  Конфронс бо ибтикори Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин баргузор гардида, ба ҷамъбасти натиҷаҳои панҷсолаи таҳқиқоти комплексии илмӣ дар самти омӯзиши захираҳои табиӣ, муҳити зист, экосистемаҳо, гуногунии биологӣ ва имкониятҳои рушди устувори минтақа бахшида шуд. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Xinjiang: Science Across the Dryland – EP1» («Шинҷон: илм дар минтақаҳои хушк – EP1») доир гардид.

Дар конфронс таъкид гардид, ки минтақаҳои хушк беш аз 40 фоизи масоҳати хушкии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, экосистемаи кӯҳҳо, воҳаҳо ва биёбонҳои Шинҷон барои омӯзиши тағйирёбии муҳити зист, ҳолати захираҳои об ва таҳияи роҳҳои рушди устувор аҳамияти муҳим дорад.

Экспедитсия соли 2021 оғоз ёфта, дар доираи он 30 лоиҳаи илмӣ амалӣ гардидааст. Дар раванди таҳқиқот беш аз 6 400 нафар-сафари корҳои саҳроӣ анҷом дода шуда, маълумот аз 91 232 нуқтаи таҳқиқотӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар татбиқи барнома зиёда аз 1 000 гурӯҳи илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб гардидаанд.

Таҳқиқот панҷ самти асосиро фаро гирифтаанд: захираҳои об; муҳити зист ва экосистемаҳо; захираҳои замин ва кишоварзӣ; гуногунии биологӣ ва захираҳои биологӣ; захираҳои минералӣ ва энергетикӣ.

Дар натиҷаи таҳқиқот тамоюли гармшавӣ ва намнокшавии иқлими Шинҷон муайян гардида, тағйироти пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва ботлоқзорҳои минтақа мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар самти гуногунии биологӣ 4 828 намуди растаниҳои олии худрӯй ва 810 намуди ҳайвоноти сутунмӯҳрадор муайян карда шуданд. Ҳамчунин, 33 намуди нав ва 243 сабти нави намудҳо барои Шинҷон ба қайд гирифта шуданд.

Натиҷаҳои бадастомада барои ҳифзи гуногунии биологӣ, барқарорсозии экосистемаҳо, рушди кишоварзии устувор, мубориза бо биёбоншавӣ ва такмили низоми мониторинги муҳити зист аҳамияти илмӣ ва амалӣ доранд.

Иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинӣ барои густариши ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Чин дар самти омӯзиши минтақаҳои хушк, захираҳои об, пиряхҳо, экосистемаҳои фаромарзӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Таҷрибаи таҳқиқоти комплексии Шинҷон метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои илмии минтақавӣ ва омӯзиши мушкилоти умумии экологӣ дар Осиёи Марказӣ низ аҳамияти муҳим дошта бошад.

TPL_BACKTOTOP