Озмоишгоҳҳои Марказ бо таҷҳизоҳтои муосири илмӣ муҷаҳаз гардида, таҳлилҳои химиявӣ, биологӣ, экологӣ ва геологӣ дар доираи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Озмоишгоҳҳои Марказ дар системаи миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботҳои стандарти миллӣ (ГОСТ ИСО/МЭК 17025-2019) аз аккредитатсия гузаронида шудаанд
ОЗМОИШГОҲИ ЭКОЛОГИЯ ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:
- мониторинги муҳити зист,
- таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист ва экосистемаҳо,
- таъсири антропогенӣ ба муҳити зист,
- мониторинги захираҳои обӣ ва пиряхҳо,
- мониторинги таъсири равандҳои техногенӣ ба муҳити зист.
Озмоишгоҳ бо асбоб ва таҷҳизоти муосири илмӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

ОЗМОИШГОҲИ ГЕОЛОГИЯ ВА ЗАХИРАҲОИ МИНЕРАЛӢ
Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:
- омӯзиши сохти геологӣ ва канданиҳои фоиданокӣ Тоҷикистон,
- таҳқиқи равандҳои тектоникӣ ва таъсири он ба тағирёбии иқлим дар таърихи кайнозойи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ,
- таҳқиқи комплексии ҷинсҳои кӯҳии таҳшинии мезозою кайнозои Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо барои арзёбии шароити палеогеографӣ ва иқлимӣ давраҳои гузаштаи геологӣ,
- таҳқиқи петрологӣ ва изотопӣ-геохимиявии серияҳои магматикӣ ва метаморфикии Помиру Тиён-Шон,
- омӯзиши равандҳои муосири экзогении геологӣ ва баҳодиҳии хатари офатҳои табиии бо онҳо алақамандӣ ҳудуди Точикистон,
- гузаронидани таҳқиқотҳои геоэкологӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва таъсири техногении онҳо ба муҳити зист ва ғ.
Озмоишгоҳ бо асбоб ва таҷҳизоти муосири илмӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.


ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ ХИТОЮ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ БИОЛОГӢ
Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ:
- таҳқиқи гуногунии биологӣ,
- арзёбии ҳолати захираҳои биологӣ,
- таҳқиқи растаниҳои шифобахш,
- систематика, биогеография ва таҳовули намудҳои минтақаҳои хушк,
- муайян намудан ва татбиқи генҳои ба шароити стресс мутобиқшуда,
- аз нав баҳисобгирии (инветаризатсияи) гуногунии биологӣ,
- аз нав барқароркунии экосистемаҳои таназзулёфта ва ғ.

Усулҳои таҳлил
1)Омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо бо истифода аз микроскоп
2) Муайян кардани миқдори CO3, HCO3, Cl, SO4, K, Na, Ca, Mg дар намунаҳои об, хок ва растанӣ
3) Муайян кардани миқдори нитрогени органикӣ ва ғайриорганикӣ дар намунаҳои хок ва растанӣ
4) Муайян кардани миқдори нитрогени дастрас дар намунаҳои хок
5) Муайян кардани миқдори фосфор, ҳамчунин фосфори органикӣ ва ғайриорганикӣ дар намунаҳои растанию хок
6) Муайян кардани миқдори фосфори дастрас дар намунаҳои хок, ки растанӣ аз хок онро ҷабида мегирад
7) Муайян кардани миқдори пайвастаҳои органикии карбондор дар хок
8)Экстраксия ва таҳлилӣ ДНК – кислотаи дезоксирибонуклеинӣ дар намунаҳои растанию хок
9)Таҳлилӣ электрофоретикии ДНК ва сафедаҳо
10) Муайян кардани оксигени ҳалшуда дар намунаҳои об
11) Таҳқиқи нишондиҳандаҳои физиологӣ ва биохимиявии растаниҳо – муайян намудани ҳалшавандаҳои қанд, сафеда, пролин, крахмал, пероксидаза, малодилгид ва ғ. дар растаниҳо
12)Муайян кардани уреазаҳо, фосфатозҳо, сукразҳо, пероксидазҳо ва полифенолоксидазҳо дар хок
13) Муайян кардани миқдори умумии нитрогени органикӣ ва ғайриорганкии шаклҳои гуногун дар об
14) Муайян намудани миқдори умумии фосфори органикӣ ва ғайриорганикии шаклҳои гуногун дар об
15) Муайян намудани ғунҷоишдории ҳаҷмии катионҳои хок – миқдори умумии катионҳое, ки каллоидҳои хокӣ метавонанд ҷабида гиранд
16) Таҳлили миқдори микроэлементҳо дар геология, кишоварзӣ, тиб, ҳифзи тандурустӣ ва мониторинги озуқаворӣ ва экологӣ
Таҷҳизоти асосӣ
|
Номгуй |
Навъ |
Истеҳсолкунанда /мамлакат |
|
Стереомикроскопи бинокулярӣ |
SteREO Discovery.V8 |
Leica/Олмон |
|
Микроскопи поляризатсионӣ |
Axio Imager.M 2m |
Leica/Олмон |
|
Дастгоҳҳои шлифсозӣ |
Delta AbrasiMet250 |
Leica/Олмон |
|
Микроскопи биологӣ |
BX51TF |
Olympus/Ҷопон |
|
Спектрофотометри ултрабунафшӣ |
CARY60 |
Agilent/ИМА |
|
Хроматографи ионӣ |
ICS-900 |
Thermo fisher/ИМА |
|
Дастгоҳи Кьельдал |
FOSS8420 |
Foss/Дания |
|
Спектрофотометри атомӣ-абсорбсионӣ |
ZA3000 |
Hitachi/Ҷопон |