Аз 10 то 24 октябри соли 2026 дар шаҳри Сиан, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Барномаи байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони «International Training Program on Extreme Climate Events and Impacts along the Belt and Road» баргузор гардид. Барнома ба падидаҳои шадиди иқлимӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои экологии онҳо бахшида шуда, дар Институти муҳити зисти Замин дар назди Академияи илмҳои Чин (Institute of Earth Environment, Chinese Academy of Sciences — IEECAS) баргузор шуд.
Дар барнома Охонниёзов Мехровар, мутахассиси муҳити зисти Маркази тадқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (МТЭМ Осиёи Марказӣ, Душанбе), иштирок намуд.
  17 октябри соли 2026 ӯ дар Форуми олимони ҷавони Роҳи Абрешим оид ба падидаҳои шадиди иқлимӣ ва таъсири онҳо (Silk Road Early-Career Scientists Forum on Extreme Climate Events and Impacts) бо маърӯзаи «Environmental Monitoring and Natural Hazards Assessment in the High Mountains of Tajikistan» («Мониторинги экологӣ ва арзёбии хатарҳои табиӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон») баромад кард.
Дар маърӯза самтҳои асосии мониторинги экологӣ ва омӯзиши хатарҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Диққати махсус ба истифодаи маълумоти моҳвораӣ, технологияҳои геоинформатсионӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин барои мушоҳидаи ландшафтҳои баландкӯҳ, пиряхҳо ва равандҳои табиии вобаста ба онҳо равона гардид.
 
 
  Ҳамчунин масъалаҳои мониторинги равандҳои деформатсионӣ дар минтақаи кӯли Сарез, омӯзиши ярчҳо, селҳо ва дигар хатарҳои геологӣ баррасӣ шуданд. Дар маърӯза аҳамияти муносибати маҷмӯӣ таъкид гардид, ки истифодаи зондкунии фосилавии Замин, мушоҳидаҳои саҳроӣ ва ченкуниҳои асбобиро дар бар мегирад.
Иштирок дар барнома барои мубодилаи таҷрибаи илмӣ, густариши робитаҳои касбӣ ва шиносоӣ бо равишҳои муосири омӯзиши тағйирёбии иқлим ва равандҳои табиӣ имконият фароҳам овард. Дониш ва робитаҳои бадастомада метавонанд ба рушди минбаъдаи таҳқиқот дар соҳаи мониторинги экологӣ, омӯзиши экосистемаҳои баландкӯҳ ва арзёбии хатарҳои табиӣ дар Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкории илмӣ миёни муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намоянд.
 
 
 
TPL_BACKTOTOP