
- rceeca.tj
Тибқи дастуру супориши Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз 02 феврали соли 2024 № 30001/23-192 баҳри тақвияти корҳои ободониву покизагӣ кормандони Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) барои тоза кардани утоқҳои корӣ ва гирду атрофи Марказ дар шанбегии дастаҷамона ширкат варзиданд. Дар шанбегии мазкур ҳамаи кормандони Марказ иштирок намуданд.

- rceeca.tj
13 декабр соли 2023 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

- rceeca.tj
10 ноябр бо ибтикори ҷониби Фаронса дар шаҳри Париж Нишасти қутбии «Як cайёра» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

- rceeca.tj
13 сентябри соли 2023 иштирокчиёни Форуми якуми олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз намоишгоҳи дастовардҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дидан карданд. Меҳмонон бо нигораҳо, асарҳои илмӣ ва дастовардҳои илмӣ-амалии олимони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Точикистон шинос шуданд. Ҳайати олимони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ инчунин бо фаъолияти илмию ташкилии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) шиносои намуданд.