Аз 28 август то 4 сентябри соли 2026 олимону мутахассисони Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади идомаи  мониторинги пиряхҳои қаторкӯҳи Пётри Якум дар ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод корҳои саҳроӣ анҷом доданд. Дар доираи экспедитсия ҳолати кунунӣ ва хусусиятҳои сатҳии пиряхҳои Саид Нафисӣ дар ноҳияи Лахш ва Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС) таҳқиқ карда шуданд.

  Ҳадафи асосии корҳои саҳроӣ арзёбии ҳолати кунунии пиряхҳо, муайян намудани тағйироти мавқеи забона, сатҳ ва хусусиятҳои морфологии онҳо, инчунин ҷамъоварии маълумоти муфассал барои муқоиса бо натиҷаҳои мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ мебошад. Мониторинги такрорӣ имкон медиҳад, ки тағйироти пиряхҳо дар давраҳои гуногун муайян гардида, динамикаи онҳо бо дақиқии баланд арзёбӣ карда шавад.

  Омӯзиши ин ду пирях аҳамияти махсус дорад. Гарчанде ҳар ду дар системаи қаторкӯҳи Пётри Якум ҷойгир мебошанд, хусусиятҳои динамикии онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар пиряхи Саид Нафисӣ тағйироти сатҳ ва рушди кӯлҳои рӯйи пирях яке аз самтҳои асосии мониторинг мебошад, дар ҳоле ки барои пиряхи Деҳдал равандҳои набзиш, ҳаракати босуръати ях ва тағйироти морфологии баъди набзиш аҳамияти хос доранд.

  Пиряхи Саид Нафисӣ яке аз пиряхҳои муҳими қаторкӯҳи Пётри Якум ба ҳисоб рафта, омӯзиши бисёрсолаи он бо истифода аз тасвирҳои моҳворавӣ, маълумоти иқлимӣ ва аксбардории ҳавоӣ бо ҲБС нишон медиҳад, ки дар сатҳи пирях тағйироти назарраси морфологӣ ва рушди кӯлҳои пиряхӣ ба амал омадаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти солҳои қаблӣ аз ҷониби олимони Марказ ва ҳамкорони онҳо соли 2024 дар маҷаллаи байналмилалии “Journal of Mountain Science” нашр гардидаанд. Дар ин таҳқиқот маълумоти моҳворавии солҳои 2002 то 2022 ва аксбардории ҳавоӣ бо ҲБС дар солҳои 2020 ва 2022 таҳлил шуда, муайян гардид, ки масоҳати кӯлҳои таҳқиқшуда аз 20,5 ҳазор метри мураббаъ то 62,8 ҳазор метри мураббаъ зиёд шудааст. Ин натиҷа аҳамияти мониторинги мунтазами пирях ва кӯлҳои онро, бахусус барои арзёбии равандҳои эҳтимолии хатарнок, боз ҳам бештар таъкид мекунад.

  Пиряхи Деҳдал низ ба гурӯҳи пиряхҳои дорои динамикаи фаъоли қаторкӯҳи Пётри Якум дохил мешавад. Ин пирях дар нишебии шимолии қаторкӯҳ, дар ҳавзаи дарёи Сурхоб ҷойгир буда, аз дигар пиряхҳо бо давраҳои такрории набзиш ва ҳаракати босуръати ях фарқ мекунад. Мушоҳидаҳои таърихӣ ва таҳлили маълумоти моҳворавӣ нишон медиҳанд, ки пиряхи Деҳдал дар солҳои 1897, 1974, 1995–1997 ва 2015–2016 марҳилаҳои фаъоли набзишро аз сар гузаронидааст. Ҳодисаи нави солҳои 2025–2026 бо хусусиятҳои динамикии худ фарқ мекунад. Дар ин давра ҳаракати босуръати ях ва ду марҳилаи ҷудошавии қисми забонаи пирях ба қайд гирифта шуда, массаҳои ҷудошудаи ях то тақрибан 4,7 км ба поёноби водӣ интиқол ёфтанд. Ҳаҷми яхҳои ҷудошудае, ки дар водӣ ҷойгир шудаанд, тақрибан 4-5 млн м³ арзёбӣ мегардад. Таҳлили пайдарпайи тасвирҳои моҳворавии баланддақиқи PlanetScope имкон дод, ки рушди ин ҳодиса қариб дар фосилаи ҳаррӯза мушоҳида карда шавад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки марҳилаи нави набзиш ҳамагӣ тақрибан 9–10 сол пас аз ҳодисаи солҳои 2015–2016 ба амал омадааст, ки нисбат ба давраҳои қаблии такроршавии набзиш кӯтоҳтар мебошад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот соли 2026 дар платформаи EGUsphere ҳамчун препринт нашр гардида, айни замон дар марҳилаи баррасии илмӣ қарор доранд.

  Маълумоти дар солҳои қаблӣ бадастомада имконият медиҳад, ки ҳолати пиряхҳои набзонии қаторкӯҳи Пётри Якум, тағйироти сатҳи онҳо ва хусусиятҳои морфологии забонаи пиряхҳо дар давраҳои гуногун арзёбӣ карда шаванд. Аз ин рӯ, аксбардории нави ҳавоӣ идомаи силсилаи мушоҳидаҳои бисёрсола буда, барои арзёбии ҳолати пирях пас аз набзиши охирин аҳамияти махсус дорад.

 Дар рафти экспедитсияи навбатӣ аксбардории муфассали ҳавоии пиряхҳои Деҳдал ва Саид Нафисӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Марказ анҷом дода шуд. Маълумоти бадастомада барои таҳияи ортофотонақшаҳои баланддақиқ, моделҳои рақамии баландӣ ва моделҳои сеандозаи пиряхҳо истифода хоҳад шуд. Муқоисаи онҳо бо маълумоти ҲБС-и солҳои қаблӣ имконият медиҳад, ки тағйироти баландии сатҳи пирях, мавқеи забона, тақсимоти массаи ях ва дигар дигаргуниҳои морфологӣ муайян карда шаванд.

  Ҳамаи маълумоти бадастомада бо тасвирҳои моҳворавӣ, моделҳои рақамии баландӣ ва технологияҳои системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ (ГИС) барои таҳқиқоти бисёрсолаи ин пиряхҳо истифода мешавад. Чунин мониторинг барои фаҳмиши динамикаи пиряхҳои қаторкӯҳи Пётри Якум, арзёбии тағйирот дар шароити тағйирёбии иқлим, муайян кардани равандҳои хатарнок ва таҳкими заминаи илмии мониторинги пиряхҳои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

 

TPL_BACKTOTOP