Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Форуми байналмилалии «Хатарҳои обӣ ва иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ», ки дар ҳошияи Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» санаи 25 майи соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, буклети «Кӯли Сарез (115-солагии пайдоиши кӯл)»-ро ба иштирокчиёни чорабинии илмӣ пешниҳод намуд.
Буклет бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳаҷми 44 саҳифа ва бо аксҳои ранга нашр гардидааст. Дар он оид ба таърихи пайдоиши кӯли Сарез, таҳқиқоти олимон вобаста ба кӯл ва садди Усой, табиат, иқлим, гидрология ва ҳолати сейсмикии минтақаи кӯли Сарез, инчунин саҳми Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар омӯзиши кӯл маълумот пешниҳод шудааст.
Дар буклет инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти олимони Марказ оид ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар омӯзиши кӯли Сарез ва садди Усой, мониторинги равандҳои деформатсионӣ дар асоси системаи глобалии навигатсионии кайҳонии BeiDou, таҳқиқи равандҳои экзогенӣ ва пешгӯии зуҳури равандҳои деформатсионӣ ва фаромадани ярч бо истифода аз аксҳои баландсифати кайҳонӣ ба таври муфассал инъикос ёфтаанд.
Буклети мазкур барои олимон, коршиносони соҳа ва доираи васеи хонандагон ҳамчун нашри илмӣ-оммавӣ пешниҳод мегардад.
Буклети «Кӯли Сарез»-ро метавонед аз сомонаи зерин дастрас намоед:
Буклети “Кӯли Сарез (115-солагии пайдоиши кӯл)”
https://www.researchgate.net/publication/405356109_Sarez_Lake