Имрӯз дар санаи 20.02.2023 дар толори АМИТ бо ибтикори ҲХДТ ва АМИТ Конференсияи илмӣ –назариявӣ дар мавзуи “ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об” баргузор шуд. Дар конференсия аъзои ҲХДТ, масъулин ва олимон иштирок намуданд.
Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҷиҳати рӯз аз рӯз рӯоварии башар ба масъалаҳои об изҳори ақида намуд. Номбуда ташаббуси камназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати қатъномаи СММ оид ба соли ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 аз дастоварҳои сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.
  Сипас, ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва мушкилоти об директори МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ Абдуҳалим Қаюмов маърӯза кард. Мавсуф қайд намуд, ки пиряхшиносӣ дар замони муосир бояд тахассусӣ бошад ва ихтисосҳое, ки ба омӯхтани он дахлдоранд, бояд дар қатори дигар илмҳо омӯхта шаванд.
Баъдан, дар мавзуи масъалаҳои об ва мушкилоти камобӣ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ориф Амирзода сухан карда, мушкилоти мавҷудбударо аз дидгоҳи илмӣ баррасӣ намуд.
TPL_BACKTOTOP