Инсон дар рафти ҳаёти худ ҳамеша аз олами растаниҳо истифода мебарад. Растаниҳо ба мо оксиген медиҳанд, ки барои равандҳои нафаскашӣ ва сӯзиш муҳим мебошанд, ҳиссаи асосии ғизо ва дорувориҳо, либос ва маводи сӯхт, лавозимоти сохтмониро ташкил медиҳанд. Аҳолии Замин ҳар сол тақрибан 1 млрд тонна маводи ғизоиро истеъмол менамояд, ки танҳо ба 0,5%-и тамоми неруе, ки дар натиҷаи фотосинтез захира мешавад, мувофиқ мебошад. Растаниҳо хокро аз эрозияи шамолӣ (бодхӯрдашавӣ) ҳифз мекунанд, ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонанд, дар тозакунии муҳити табиат аз шумораи зиёдшавандаи ифлоскунандаҳо иштирок менамоянд.
Боқимондаҳои организмҳои растанӣ захираҳои калони маводи сӯзишвориро ҳосил намудаанд, ки асоси саноати энергетикӣ ва химиявии муосирро ташкил мекунанд. Растаниҳо даҳҳо ҳазор моддаҳои гуногунро ҳосил мекунанд, ки барои аксаре аз организмҳои зинда ҳамчун ғизо хизмат мекунанд.
Ҳисоб карда шудааст, ки дар тӯли як сол ба намуди энергияи нури рӯшноӣ 1,3х1021 Ккал ба сатҳи Замин меафтад, ки аз он 35% ба кайҳон инъикос мегардад. Қисмати боқимонда аз тарафи атмосфера, хушкӣ ва об аз худ карда мешавад. Танҳо 3-6х1017 Ккал дар ҷараёни фотосинтези растаниҳо ва микроорганизмҳо ба энергияи бандҳои химиявии пайвастагиҳои органикӣ табдил меёбад.
Дар замони муосир дар таркиби мағзи чӯби растаниҳо аллакай тақрибан 2400 млрд тонна биомасса захира шудааст. Ба ҳиссаи ҳайвонот ва микроорганизмҳо танҳо 23 млрд тонна рост меояд. Ҳар сол дар реаксияҳои фото-синтез тақрибан 250-350 млрд тонна СО2 пайваст мешавад, ки ба 150 – 200 млрд тонна массаи органикӣ баробар мебошад. Вазифаи асосии растаниҳо, инчунин баъзе организмҳои прокариотӣ хориҷ кардани оксиген мебошад, ки барои нафаскашии организмҳои гетеротрофӣ лозим аст. Растаниҳо ҳар сол ба атмосфераи Замин тақрибан 100 – 150 млрд тонна оксиген ҷудо мекунанд. Дар баландии тақрибан 25 км аз сатҳи Замин аз оксиген қабати озонӣ ташаккул ёфтааст, ки қисмати зиёди нурафкании ултрабунафшро, ки ба тамоми организмҳои зинда хатари марговар дорад, нигоҳ медорад. Дар сад соли охир аз ҳисоби шиддатёбии сӯзиши канданиҳои фоиданоки сӯзанда (ангишт, газ, нефт, торф) ва буриши ҷангалҳо миқдори гази карбонат дар атмосфераи Замин ба ҳисоби миёна 0,23% дар як сол зиёд шуда истодааст. Ин ҳолат ба зиёд-шавии миқдори СО2 дар атмосфера аз 0,027% (дар давраи то инкишофи босуръати саноатӣ) то 0,036% (дар замони муосир) оварда расонидааст. Ин ҷараён метавонад барои реҷаи гармии сайёраи мо оқибати ҷиддӣ ё ногувор дош-та бошад. Одатан онро «эффекти гармхонагӣ» меноманд. Сабаби дар дохили гармхона нигоҳ дошта шудани гармӣ, чи хеле ки маълум аст, аз ҳад зиёд шудани гази карбонат ва буғи об мебошад. Ҷараёни ба ҳамин монанд, айни ҳол дар миқёси сайёраамон гузашта истодааст. Сатҳи Замин аз офтоб энергияро дар намуди нурафкании инфрасурх мегирад. Ҳиссаи зиёди он ба коинот баргардонида мешавад. Аммо, гази карбонат ва буғи оби дар атмосфера мавҷудбуда метавонанд гармии аз сатҳи Замин инъикос шударо боздошт намуда, сарҷамъ кунад, яъне «эффекти гармхона» - ро ба вуҷуд оранд. Аз ин рӯ, зиёдшавии консентратсияи гази карбонат дар атмосфера ба баландшавии ҳарорати миёнаи сатҳи сайёраи мо ва тағйирёбии иқлим оварда мерасонад. Барои пешгирӣ намудан аз ин ҷараёнҳои нохуб лозим аст, ки миқдори СО2 дар атмосфера ба тағйирёбӣ дучор нашавад. Яке аз роҳҳои самарабахши нигоҳ-дории дараҷаи доимии гази карбон ин озодкунии фотосинтетикии он тавас-сути растаниҳо ва микроорганизмҳо мебошад. Ҳисоб карда шудааст, ки ҳар сол зиёда аз 200 млрд тонна СО2 ба таркиби пайвастагиҳои органикии организмҳои автотрофӣ, дохил мешавад. Тақрибан 40%-и ин биомасса ба ҳиссаи фитопланктонҳои баҳрӣ рост меояд.
Дар натиҷаи фотосинтез энергияи рӯшноии фурӯбурдашуда ба муддати зиёд захира мешавад: шуруъ аз як дақиқа ва соат то садҳо ва ҳатто миллионҳо сол (яъне захирашавии канданиҳои сӯзанда – нафт, гази табиӣ, ангиштсанг, торф). Массаи асосии энергияинтиқолкунандагони ҳозирае, ки мо истифода мебарем (ангишт, гази табиӣ, нафт) ин натиҷаи вайроншавӣ (пӯсиш)-и растаниҳои рӯйизаминӣ ва обӣ, микроорганизмҳо ва ҳайвонот мебошад.
Энергияе, ки дар онҳо захира шудааст, миллионҳо сол пеш аз ҳисоби нури рӯшноӣ дар рафти фотосинтез ба даст омада буд. Маълум аст, ки истифодаи солонаи энергия аз тарафи инсонҳо зиёда аз 1017 ккал мебошад ва ҳар сол зиёд шуда истодааст. Айни замон захираҳои энергетикии дастрас ва тадқиқшуда (нафт, газ, ангишт, торф, варақсанги сӯзанда) ба 1019–1020 баҳо дода мешавад. Ҳисоб намудан мушкил нест, ки ин захираҳо метавонанд аллакай дар рафти асри ХХI тамом шаванд.
Алтернативи ҳақиқӣ ва энергияи тамомнашавандаи дар айни замон вуҷуддошта (ғайр аз синтези термоядроӣ) танҳо энергияи офтоб буда метавонад, ки ба табдилдиҳии энергияҳо аз энергияи офтоб ба энергияи барқӣ асос ёфтааст (фотоэлементҳо, батареяҳои офтобӣ). Аз дигар тараф, ба сифати маводи сӯзишворӣ метавонанд маҳсулоти фотосинтез самаранок истифода шаванд. Дар мадди аввал селлюлозаи намудҳои бошиддат рушдкунандаи растаниҳои дарахтӣ, алафӣ ва буттаҳо меистад. Аз ин сабаб танҳо афсӯс хурдан мумкин аст, ки ба энергияи офтобӣ то ҳол таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона дода намешавад.
Нақши растаниҳо даро коҳиш додани тағйирёбӣ ва мутобиқшавӣ ба он хело муҳим аст: нақши асосии онҳо чунин аст: фурӯбурдани газ карбон СО2, хориҷ кардани оксиген О2, танзими ҳарорат, нигоҳдории эрозияи хок беҳтар кардани сифати ҳаво. Растаниҳо яке аз воситаҳои асосии табии мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳифз ва зиёд намудан ҷангалҳо, шинонидани дарахтон ва истифодаи оқилонаи захираҳои растанӣ барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор аҳамияти бузург дорад.
Мирзораҳимзода А.К.
доктори илмҳои биологӣ, ноиби президенти АМИТ
