Аз 1 то 14 июни соли 2026 дар доираи татбиқи барномаҳои илмӣ-таҳқиқотии Лабораторияи муштараки Хитой ва   Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ, гурӯҳи муштараки олимон аз Маркази таҳқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Хитой экспедитсияи илмиро дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ анҷом доданд.

Ҳадафи экспедитсия омӯзиши гуногунии биологӣ, бахусус ҷамоаҳои растанӣ, хусусиятҳои физикӣ ва кимиёвии онҳо, инчунин захираҳои генетикии экосистемаҳои минтақаҳои номбурда мебошад.

Ба шарофати фарогирии васеи баландиҳо ва ландшафтҳои гуногун, гурӯҳи таҳқиқотӣ тавонист экосистемаҳои гуногуни табииро - аз чарогоҳҳои баландкӯҳӣ то марғзорҳои алпӣ ва минтақаҳои назди кӯлҳои баландкӯҳ - ҳамаҷониба таҳқиқ намояд.

Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ намунаҳои сершумори гербарӣ ва тухмиҳои намудҳои гуногуни растаниҳо ҷамъоварӣ карда шуданд, ки онҳо барои таҳқиқоти минбаъдаи таксономӣ, генетикӣ ва арзёбии гуногунии биологии минтақа заминаи муҳими илмӣ фароҳам меоранд.

Ин экспедитсияи илмӣ аҳамияти ҳамкориҳои илмии байни олимони Тоҷикистон ва Хитойро дар самти омӯзиши гуногунии биологии экосистемаҳои гуногун нишон медиҳад. Равиши мукаммали таҳқиқотӣ бо истифода аз технологияҳои муосири геномӣ ба дарки амиқи экосистемаҳои кӯҳӣ мусоидат менамояд.

Маълумоти нави бадастомада дорои аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ мебошад, бахусус барои арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои антропогенӣ ба экосистемаҳои осебпазири табиии минтақаҳои мазкур ва ҳифзи гуногунии биологии онҳо.

TPL_BACKTOTOP