Мақолаи илмии корманди Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои экологӣ (PhD )Меҳровар Охонниёзов дар ҳаммуаллифӣ бо олимони Тоҷикистон ва Хитой дар маҷаллаи байналмилалии “Journal of Arid Land ба нашр расид. Ин маҷалла яке аз нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаҳои экологияи минтақаҳои хушк, илмҳои муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад.

  Таҳқиқот таҳти унвони «Grassland biomass production and plant species diversity in response to nitrogen and phosphorus addition in central and southwestern Tajikistan»  ба омӯзиши таъсири нуриҳои минералӣ ба ҳосилнокӣ ва гуногунии биологии чарогоҳҳои Тоҷикистон бахшида шудааст. Таҳқиқот дар давоми панҷ сол (2018–2022) дар чор минтақаи чарогоҳии Тоҷикистон, ки дар баландиҳои гуногун ҷойгиранд, гузаронида шуда буд.

  Муаллифон таъсири меъёрҳои гуногуни нитроген (N) ва фосфор (P)-ро ба биомассаи рӯизаминии растаниҳо ва гуногунии намудҳои онҳо арзёбӣ намуданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки илова намудани нуриҳои минералӣ ҳосилнокии чарогоҳҳоро дар ҳамаи қитъаҳои таҷрибавӣ ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар муқоиса бо қитъаҳои назоратӣ, биомассаи рӯизаминӣ дар шароити истифодаи миқдори миёнаи нитроген 20–80% ва дар ҳолати истифодаи якҷояи миқдори зиёди нитроген ва фосфор то 190 - 200% зиёд гардид. Дар натиҷа, баландтарин афзоиши ҳосилнокӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳ ба қайд гирифта шуд.

  Ҳамзамон, таҳқиқот нишон дод, ки ба таври  дарозмуддат истифода намудани нуриҳои минералӣ метавонад ба коҳиш ёфтани гуногунии биологии растаниҳо оварда расонад. Дар баъзе чарогоҳҳо шумора ва гуногунии намудҳои растанӣ коҳиш ёфт, ки ин ҳолат ба хусусиятҳои маҳаллӣ, баландӣ ва омилҳои иқлимӣ вобаста мебошад.

  Бо истифода аз моделсозии оморӣ, аз ҷумла модели муодилаҳои сохторӣ (SEM), муайян гардид, ки илова намудани нитроген ва фосфор бевосита ба афзоиши биомасса мусоидат намуда, ҳамзамон метавонад гуногунии намудҳои растаниро маҳдуд созад. Инчунин, нақши муҳими боришот ва ҳарорат дар ташаккули посухи экосистемаҳои чарогоҳӣ ба нуриҳо ва тағйирёбии иқлим нишон дода шуд.

  Натиҷаҳои ин таҳқиқот далелҳои дарозмуддати таҷрибавӣ оид ба таъсири нитроген ва фосфор ба экосистемаҳои чарогоҳии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Онҳо метавонанд барои таҳияи стратегияҳои идоракунии устувори чарогоҳҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ ва хушк истифода шаванд. Муаллифон тавсия медиҳанд, ки истифодаи нуриҳо бояд бо дарназардошти хусусиятҳои маҳаллӣ ва бо меъёрҳои муътадил амалӣ гардад, то ки ҳам ҳосилнокӣ ва ҳам устувории экосистемаҳо таъмин карда шавад.

  Муаллифони мақола: Меҳровар Охонниёзов, Лянлян Фан, Сюеси Ма, Сино Юсупов, Ҳикмат Ҳисориев, Абдулло Мадаминов, Фахер Аббос, Тао Йе ва Яоминг Ли мебошанд.

https://www.sciencedirect.com/science/article/pii/S1674676726000757?via%3Dihub

https://www.researchgate.net/publication/404939755_Grassland_biomass_production_and_plant_species_diversity_in_response_to_nitrogen_and_phosphorus_addition_in_central_and_southwestern_Tajikistan

TPL_BACKTOTOP