Монографияи нави илмӣ таҳти унвони «Мониторинги географию гидрологӣ ва экологӣ (ҳавзаи дарёи Варзоб, Тоҷикистон) / Географо-гидрологический и экологический мониторинг (бассейн реки Варзоб, Таджикистан)» аз тарафи ҳамдиректори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), номзади илмҳои география Гулаёзов Маҷид Шоназарович дар ҳаммуаллифӣ бо мудири лабораторияи иншоотҳои гидротехникии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Фазылов Али Рахматджанович ба нашр расид.
Монографияи мазкур ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба тавозуни обии ҳавзаи дарёи Варзоб, хусусиятҳои ташаккули ҷараёни об, нақши пиряхҳо ва пӯшиши барф дар таъмини захираҳои обӣ, инчунин арзёбии вазъи экологии минтақа бахшида шуда, барои ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ тавсияҳои амалӣ пешниҳод гардидаанд.
Муаллифон дар раванди таҳқиқот аз усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумла технологияҳои геоинформатсионӣ (GIS), маълумоти мушоҳидаҳои саҳроӣ, таҳлилҳои гидрометеорологӣ, усулҳои моделсозӣ ва технологияҳои зондкунии фосилавии Замин истифода намудаанд, ки арзиши илмӣ ва амалии асарро ба таври назаррас баланд мебардорад.
Монография барои олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва мутахассисони соҳаҳои экология, гидрология, география, тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун манбаи муҳими илмӣ ва амалӣ тавсия мегардад.
Монографияи «Мониторинги географию гидрологӣ ва экологӣ (ҳавзаи дарёи Варзоб, Тоҷикистон) / Географо-гидрологический и экологический мониторинг (бассейн реки Варзоб, Таджикистан)» ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» бахшида шудааст.
Матни пурраи монографияро метавонед аз сомонаи зер дастрас намоед:
https://www.researchgate.net/publication/405366768_GEOGRAFO-GIDROLOGICESKIJ_I_EKOLOGICESKIJ_MONITORING_Bassejn_reki_Varzob_Tadzikistan_GEOGRAPHIC-HYDROLOGICAL_AND_ECOLOGICAL_MONITORING_Varzob_River_Basin_Tajikistan