10 апрели соли 2026 дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии илмӣ бахшида ба таҷлили Ҳафтаи илми тоҷик баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ маърӯзаи илмии профессори Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Ли Яомин дар мавзӯи «Таҳқиқоти чарогоҳҳо дар Осиёи Марказӣ: пешрафт ва мушкилот дар оянда» манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Зимни маърӯза, профессор Ли Яомин оид ба дастовардҳои муосири илмӣ дар самти омӯзиши чарогоҳҳо, вазъи кунунӣ ва мушкилоти мавҷуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин, масъалаҳои истифодаи самаранок ва устувори захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва такмили низоми идоракунии чарогоҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар чорабинии илмӣ олимону муҳаққиқони муассисаҳои гуногуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва дигар муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин, академикҳо Ҳисориев Ҳ.Ҳ., Якубова М.М., узви вобастаи АМИТ, профессорон Абдуллоев Ҳ.А. ва Гулов С.М. низ ширкат варзида, дар муҳокимаи мавзӯи пешниҳодшуда фаъолона иштирок карданд.

Чунин ҳамоишҳои илмӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи экология ва муҳити зист, алалхусус дар масъалаи идораи устувори чарогоҳҳо, мусоидат менамоянд.


