- rceeca.tj
Гурӯҳи олимон ва муҳаққиқони Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) аз 24 то 28 августи соли 2026 дар пиряхҳои набзонии болооби ҳавзаи дарёи Ванҷоб корҳои саҳроӣ анҷом доданд. Ҳадафи асосии ин таҳқиқот омӯзиши ҳолати кунунӣ ва динамикаи пиряхҳои Меғдор ва Хирсон, ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ, анҷом додани аксбардории ҳавоӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС) ва гузаронидани мушоҳидаҳои гидрологӣ дар ҳавзаи дарёи Ванҷоб буд.
- rceeca.tj
- rceeca.tj
- rceeca.tj
Аз 1 то 14 июни соли 2026 дар доираи татбиқи барномаҳои илмӣ-таҳқиқотии Лабораторияи муштараки Хитой ва Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ, гурӯҳи муштараки олимон аз Маркази таҳқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Синзяни Академияи илмҳои Хитой экспедитсияи илмиро дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ анҷом доданд.