- rceeca.tj
Монографияи нави илмӣ таҳти унвони «Мониторинги географию гидрологӣ ва экологӣ (ҳавзаи дарёи Варзоб, Тоҷикистон) / Географо-гидрологический и экологический мониторинг (бассейн реки Варзоб, Таджикистан)» аз тарафи ҳамдиректори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), номзади илмҳои география Гулаёзов Маҷид Шоназарович дар ҳаммуаллифӣ бо мудири лабораторияи иншоотҳои гидротехникии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Фазылов Али Рахматджанович ба нашр расид.
- rceeca.tj
Барои гирифтани Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ, ки мутобиқати фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-ро ба талаботи муқарраргардидаи давлатӣ нисбат ба муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тасдиқ менамояд, ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода ва ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
- rceeca.tj
Аз 23 то 28 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалии илмии саҳроӣ ҷиҳати омӯзиши гуногунии биологӣ ва вазъи экологии экосистемаҳои марғзорӣ дар минтақаҳои гуногуни табиӣ ва иқлимии кишвар баргузор гардид. Тадқиқот бо иштироки олимони Институти экология ва географияи Синзян, Донишгоҳи муқаррарии шимолу шарқӣ ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо, инчунин бо ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии Маркази тадқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ анҷом дода шуд.
- rceeca.tj
Таҳқиқоти илмии олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии Regional Sustainability (нашриёти Elsevier), ки дар пойгоҳҳои маъруфи Scopus ва Web of Science индексатсия шуда, ба гурӯҳи маҷаллаҳои квартали баланд (Q1) шомил буда, дорои нишондиҳандаҳои баланд, аз ҷумла Impact Factor – 4.6 ва CiteScore – 8.2 мебошад, ба нашр расиданд.