- rceeca.tj
- rceeca.tj
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳи баланд, эҳсоси амиқи миллӣ ва муҳаббати самимӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ироа гардид. Ин Паём на танҳо баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дурнамои рушди он мепардозад, балки ҳамчун ҳуҷҷати фалсафию ҳувиятсоз таъкиди вижае бар ҳифзи мероси фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти наслҳо дар назди таърих дорад.
- rceeca.tj
Имрӯз, 4 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати 1045- солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори симпозиум ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
- rceeca.tj
Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар мавзуи «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» Симпозиуми байналмилалӣ оғоз гардид. Кори симпозиум дар дигар бахшҳо идома дорад.