Имрӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. АМИТ «Ховар» бахшида ба ин рӯз мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро пешкаши хонандагон мегардонад. 

— Ба ҳамагон маълум аст, ки илм ҳамчун яке аз самтҳои фаъолияти эҷодии инсон вазифаи коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои объективӣ оид ба воқеиятро иҷро намуда, онро ҳамчун тарзи махсуси дарёфти донишҳо, низоми ягона, ҳамбаста ва рушдкунанда оид ба олами атроф ва қонунҳои инкишофи он ба вуҷуд меоварад. Илм дастоварди бузурги фарҳанги инсонӣ буда, на танҳо ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, балки ба сифати нишондиҳандаи асосии фарҳанг ва кафолати рушди бемайлони он низ баромад мекунад.

Ба ибораи дигар, илм имрӯз дар тамоми давлатҳои олам мавқеи беш аз пеш болотар пайдо карда, бе рушди он пешрафти миллату давлатҳои муосирро тасаввур кардан хеле душвор аст. Аз ҷониби дигар, мақом ва моҳияти илм низ дар даврони муосир дар қиёс бо замонҳои пешин ба куллӣ тағйир ёфта, хусусияти дигар касб кардааст. Дар ин росто ҷоизи зикри хос аст, ки қарни гузашта ва даврони мо дар таърихи илми ҷаҳонӣ марҳалаи табаддулоту таҳаввулоти куллӣ буда, ба тағйирот дар он вусъати тоза бахшида шуд. Имрӯз манзараи илмии олам ва парадигмаҳои илмӣ дар тамоми соҳаҳо дар тафовут аз қарнҳои пешин зудтар тағйир ёфта, ҷаҳони зудтағйирёбанда ба илм низ ҳамин хосиятро бахшидааст. Аз ин рӯ, дастгоҳи категориявии фаҳмиши ашёву зуҳурот дар илмҳо ба куллӣ бозсозӣ гардида, фаҳмишҳои анъанавӣ метавонанд дигар ба марҳалаи кунунии рушди илму техника созгор набошанд. Дар ин замина идеалҳои илмӣ низ тағйир пазируфта, онҳо бештар ба шароити иҷтимоию фарҳангӣ вобастагӣ пайдо кардаанд.

Дар баробари ин, дар илми муосир таҳқиқоти байнифаннӣ  тавсеа ёфта, ҳамгирошавӣ ва ё баръакс, таҷзияи илмҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҳама муҳим он аст, ки тамоми равандҳои зикршуда, инчунин истифодаи ҳамагонии технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми соҳаи илм ва дигаргуниҳои дигари илмӣ имрӯз масъалаи нақши илмро дар ҳаёти инсон ва нақши инсонро дар рушди илм хеле мубрам гардонида, онро ба мушкилоти ҳаёту мамоти инсоният ва бақои тамаддуни инсонӣ дар рӯи Замин мубаддал сохтаанд. Бо ҳамин сабабҳо, дар даврони муосир тамоми мавзуъҳои ба илм дахлдошта ва ё аз он вобастабуда, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба идоракунии илм аз ҷониби давлат, ҷомеаҳои илмӣ ва тамоми аъзои ҷамъият таваҷҷуҳи хоссаро тақозо мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони истиқлолии давлатӣ илм ҷойгоҳи хосса касб намуда, дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва махсусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва кормандони илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Маҳз ба ҳамин ишора намуда, Пешвои миллат дар суханронияшон дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 1 сентябри соли 2022 иброз намуда буданд: «Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бо маром идома медиҳем».

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи мамлакат бо такя ба илм тақвият мебахшад ва имкон медиҳад, ки ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш доранд, ки дар рушди илм саҳми бештар гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо на танҳо фаъолсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, балки самарабахш гардонидани идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, хосатан оммависозии илм ва дастовардҳои он низ тақозо карда мешавад.

Таҳти мафҳуми оммависозии илм асосан раванди паҳнсозии донишҳои илмӣ дар байни оммаи васеи шахсоне фаҳмида мешавад, ки барои қабули чунин иттилоот омодагӣ дошта, минбаъд ин донишҳоро дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода мекунанд ва ё ба дигарон мерасонанд. Оммависозӣ мутобиқ сохтани донишҳои илмиро ба аудиторияи оммавӣ дар назар дошта, ҳадафи он маърифатнок сохтани мардум мебошад. Ба оммаи васеи мардум расонидани донишҳои илмӣ ҳанӯз бо пайдоиши худи илм оғоз шуда бошад ҳам, вале он асосан дар даврони маорифпарварӣ дар Аврупо дар асрҳои XVII-XVIII ва махсусан дар асри XIX аҳамияти бештар касб намудааст. Ҳадафи маорифпарварон аз интишори илм- ин мубориза бо хурофот, таассуб ва ҷаҳолат дар байни аҳолии мамлакатҳои он замонӣ, инчунин бунёди ҷомеаи пешрафта буд.

Дар шароити муосир низ оммависозии илм аҳамияти худро гум накарда, ҳоло ҳам метавонад дар мубориза бо ҷаҳолат ва тафаккури ғайриилмӣ нақши муҳим ба иҷро расонад. Аз ҷониби дигар, ба шарофати оммависозии донишҳои илмӣ робитаҳои ҷомеа бо илм густариш ёфта, ин амал таваҷҷуҳи доираи васеи аъзои ҷомеаро ба ҷаҳонбинии илмӣ ҷалб месозад. Дар баробари ин, оммависозии илм- ин маънии содасозии илм ва онро то сатҳи омма паст намуданро надошта, аҳёнан ба таври нодуруст ба роҳ мондани ин раванд метавонад илмро ба дурӯғи илмӣ мубаддал созад. Аз ин рӯ, корҳои олимон ва муассисаҳои илмӣ дар самти оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ бояд бо назардошти қоидаҳои муайян сурат гирад.

Яке аз роҳҳои асосии оммависозии илм- ин таълифи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ барои тамоми шаклҳои воситаи ахбори омма мебошад. Дар баробари ин, таҳия ва таълифи китобҳои илмӣ-оммавӣ ва хондани лексияҳои илмӣ-оммавӣ доир ба илм дар аудиторияҳои гуногун ба тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва дастовардҳои илмӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Дар шароити муосир истифода аз интернет, нашри мавод дар сомона ва саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ корҳоро дар самти оммависозии илм муассиртар месозад.

Бо мақсади роҳандозии оммависозии илм истифода аз принсипҳои зеринро тавсия кардан имкон дорад: 1) ҷозибу ҷолиб сохтани шакли интиқоли донишҳои илмӣ ба мардум тавассути пешниҳоди далелҳои аҷиб, шавқовар ва барои амалия аҳамиятнок; 2) аёният, яъне бо овардани мисолҳо, ҷадвалҳо, расму сурат ва амсоли он тақвият бахшидани далелу донишҳои илмии пешниҳодшаванда; 3) дастрасӣ ё худ бо забони одию фаҳмо расонидани донишҳои илмӣ ба мардум, шарҳу тафсир кардани мафҳумҳои мушкилфаҳм; 4) дар шакли муколама бо аудитория гузаронидани лексияҳои илмӣ-оммавӣ; 5) такя ба донишҳои илмӣ ва ба таҳрифи иттилооту далелҳои илмӣ роҳ надодан, зеро берун рафтан аз доираи ин талабот метавонад боиси пайдо шудани ривояту қиссаҳои бардурӯғ оид ба масъалаҳои илмӣ гардад ва ғайра.

Бояд таъкид намуд, ки дар сурати оммавӣ насохтани илм ва дастовардҳои илмӣ дар дилхоҳ ҷомеа сатҳи саводнокии мардум паст рафта, илмҳои бардурӯғ ва ҷаҳонбинии хурофотию ривоятӣ ривоҷ меёбад. Аз ин рӯ, ҳанӯз маорифпарварони фаронсавӣ дар асрҳои XVII-XVIII бо навиштани энсиклопедияҳои гуногун кӯшиш мекарданд, ки бо мақсади бунёди ҷомеаи пешрафта дар маърифатноксозии мардум саҳм гузоранд. Дар замони наву навтарин низ донишмандоне, чун Айзек Азимов (1919-1992) – олим ва адиби амрикоӣ, Стивен Хоккинг (1942-2018) – физики машҳури англис ва дигарон барои маърифатнок сохтани мардуми муқаррарӣ хизматҳои шоистае ба ҷо овардаанд.

Бояд гуфт, ки оммависозии илм мавҷудияти инфрасохтори муайянро талаб мекунад. Аз чумла, дар даврони шӯравӣ ба нашр расидани якчанд маҷаллаҳои илмӣ-оммавӣ, аз қабили «Техникаи ҷавонон» («Техника молодежи»), «Квант» ва ғайра на танҳо ҷавонон, балки кулли мардумро бо дастовардҳои илмӣ шинос мекард ва ҷавонон, дар навбати худ, ихтирооту навовариҳои хешро оммавӣ месохтанд. Имрӯз дар Тоҷикистон низ чунин инфрасохтор вуҷуд дорад, ки аз ҷумлаи онҳо нашри маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», пахши шабакаи махсуси телевизионии «Илм ва табиат» ва амсоли онро номбар кардан имкон дорад.  Дар баробари ин, дар оянда ба нақша гирифтани иҷрои якчанд тадбири дигар низ дар самти тавсеаи инфрасохтори оммависозии илм мубрам ба назар мерасад. Аз нигоҳи мо, ташкили барномаҳои махсус дар мавзуъҳои илмӣ дар шабакаҳои радиоӣ, ташкили гурӯҳҳои махсуси ташвиқотию тарғиботӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амсоли он метавонад барои тақвияти оммависозии донишҳои илмӣ мусоидат намояд.

Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкили корҳоро оид ба оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ ба роҳ монда, бояд ба эътибор гирифт, ки ин амал махсусияти худро дошта, соҳиб будан ба малака, маҳорат ва салоҳияти хоссаро талаб мекунад. Аз ҷониби дигар, оммависозии илмро тавассути мусоҳиба бо рӯзноманигорон роҳандозӣ намуда, бояд ба касбияти онҳо таваҷҷуҳ карда шавад, то дар маҳсули қалами онҳо, яъне дар кори барасмиятдарории мусоҳиба дар шакли мақола, очерк ё жанри дигар  таҳрифи ақидаву андешаҳои илмӣ ҷой надошта бошад. Дар маҷмуъ, ходимони илмиро барои кор дар самти оммависозии илм аз ҷиҳати методию методологӣ мунтазам омода кардан зарур аст.

Инҷо инчунин тазаккур бояд дод, ки оммависозии илм ва дастовардҳои илмӣ ҳам ба илмҳои табиатшиносию техникӣ ва ҳам ба илмҳои гуманитарӣ дахл дорад. Аз ин рӯ, масъулияти роҳбарони илмҳои гуманитарӣ дар ин кор имрӯз бештар аз пештар аст. Бо ҳамин сабаб дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бояд ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, дастовардҳои даврони истиқлол, ҳувият ва арзишҳои миллӣ, ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмию дунявӣ, муқовимат ба паҳншавии таассубу хурофот ва афкори ифротии динӣ, фаҳмонидани таърихи миллат, моҳият ва манфиатҳои давлатдории миллӣ ва масъалаҳои дигари амсоли онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Фарҳод РАҲИМӢ,
доктори илмҳои физика, профессор,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

https://khovar.tj/2023/04/r-zi-ilmi-to-ik-andesha-oi-olimon-doir-ba-marifati-ilm-va-ro-oi-ommavisozii-dastovard-oi-on/ 

TPL_BACKTOTOP