Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) аз нашри монографияи илмии олимони Марказ таҳти унвони «Хатарҳои глятсиологӣ (Пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон) / Гляциологические риски (Ледники и ледниковые озера Таджикистана)» хабар медиҳад.
Муаллифони монографияи илмӣ олимони Тоҷикистону Хитой - Мустафо Сафаров, Али Фазылов, Шичанг Канг, Маҷид Гулаёзов, Цзюнли Ли, Назриало Шерализода ва Ҳофиз Наврузшоев мебошанд.
Монографияи мазкур ба омӯзиши вазъи муосири пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва хатарҳои табиии вобаста ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар доираи таҳқиқот масъалаҳои тағйирёбии иқлим, коҳишёбии пиряхҳо, ташаккул ва афзоиши масоҳати кӯлҳои пиряхӣ, хавфи рахнашавии онҳо, селҳо, равандҳои геодинамикӣ ва таъсири чунин падидаҳо мавриди омӯзиш ва таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд.
Муаллифон зимни таҳқиқот аз технология ва усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумла усули зондкунии фосилавии Замин, системаҳои геоинформатсионӣ (СГИ), мушоҳидаҳои саҳроӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС) истифода намудаанд. Усулҳои истифодашуда имконият фароҳам овардаанд, ки ҳолати воқеии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон, инчунин сатҳи хатарҳои эҳтимолии вобаста ба онҳо бо саҳеҳияти баланд арзёбӣ карда шаванд.
Ин асари илмӣ барои олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва мутахассисони соҳаҳои глятсиология, гидрология, экология, география ва идоракунии хатари офатҳои табиӣ ҳамчун манбаи муҳими илмӣ ва амалӣ тавсия мегардад.
Нашри монографияи мазкур саҳми назаррас дар рушди таҳқиқоти глятсиологӣ, экологӣ ва иқлимшиносӣ дар Тоҷикистон буда, барои таҳкими иқтидори илмӣ ва амалии кишвар дар самти ҳифзи пиряхҳо, истифодаи устувори захираҳои обӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ вобаста ба об аҳамияти муҳим дорад.
Монографияи «Хатарҳои глятсиологӣ (Пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон) / Гляциологические риски (Ледники и ледниковые озера Таджикистана)» ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” бахшида шудааст.
Матни пурраи монографияро метавонед аз сомонаи зер дастрас намоед: