Парки ҳавопаймоҳои бесарнишин (ҲБС) 11 ҳавопаймо, аз ҷумла 2 квадрокоптер, 2 ҳавопаймои дорои муҳаррики дарунсӯз, 7 ҳавопаймои дорои муҳаррики барқиро дар бар мегирад.
|
ҲБС Микро QC-2 |
|
![]() |
Дарозӣ ва паҳноӣ: 1200мм / 1800мм |
|
ҲБС MH-1 |
|
![]() |
Дарозӣ ва паҳноӣ: 2100 мм / 2590 мм |
|
DJI Phantom 4 |
|
![]() |
Давомнокии парвоз: 28 дақиқа |
|
DJI Inspire 1 pro |
|
![]() |
Давомнокии парвоз: 5-18 дақиқа |
Таҳҷизоти асосӣ ва ёрирасони ҳавопаймоҳои бесарнишин

Парвозҳои санҷишию намоишии ҲБС

Лоиҳа:
Намоиши барнома барои мониторинги экосистемаҳои Тоҷикистон (мӯҳлат: 2022-2023)
Мақсади лоиҳа:
Чарогоҳҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд ва танҳо мушоҳидаҳои рӯизаминӣ барои тавсифи ҳама намуди экосистемаҳои чарогоҳҳо кофӣ нестанд. Дар якҷоягӣ бо таҳқиқоти саҳроӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, инчунин бо истифода аз усулҳои зондкунии фосилавӣ - аксҳои моҳворагӣ, экосистемаҳои чарогоҳҳо таҳқиқ карда мешаванд, ки имкон медиҳад технологияи системаи ҳамгирошудаи мониторинг ва арзёбӣ дар асоси интегратсияи «зондкунии фосилавии кайҳонӣ – заминӣ» коркард карда шавад.



Лоиҳа:
«Омӯзиши хусусиятҳои биоэкологии растаниҳо, сохтор ва ҳосилнокии экосистемаҳои чарогоҳҳои минтақаҳои хушки Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири антропогенӣ» (мӯҳлати иҷро: 2018-2023)
Мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот
Мақсади лоиҳа муайян кардани дараҷаи тағйирёбии бойигарии намудҳо ва маҳсулнокии фитосенозҳои хоси экосистемаҳои алафии чарогоҳҳои хушки Тоҷикистон мебошад. Ҳадафҳои таҳқиқот:
-омӯзиши хусусиятҳои биологӣ ва экологии навъҳои асосии растанӣ дар фитосенозҳои гуногун ва шароити муҳити зист;
-муайян кардани дараҷаи тағйирёбии бойигарии намудҳо ва ҳосилнокии фитосенозҳои хос дар шароити гуногунии муҳити зист;
-омӯзиши таъсири нитрогени пошида ба сохтор ва функсияҳои экосистемаи чарогоҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ;
-муайян кардани тагйирёбии боигарии намудҳо ва ҳосилнокии алафзор таҳти таъсири нуриҳои маъданӣ (N,Р);
-омӯхтани бойигарии намудҳо ва маҳсулнокии биологии растаниҳои лубиёгӣ дар фитосенозҳои нимсаваннаҳо дар шароити экологии гуногун.



| ОМӮЗИШИ СОХТОР ВА ҲОСИЛНОКИИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ АНТРОПОГЕНӢ |
| МОНИТОРИНГИ КӮЛИ САРЕЗ |
| МОНИТОРИНГИ РАВАНДҲОИ ДЕФОРМАТСИОНӢ ДАР МАВЗЕИ КӮЛИ САРЕЗ ТАВАССУТИ СИСТЕМАИ BEIDOU |
| МОНИТОРИНГИ ПӮШИШИ БАРФ ВА ОГОҲКУНИИ ХАВФИ ФАРОМАДАНИ ТАРМА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД |



