Маълумоти асосӣ
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Синзянии экология ва географияи АИ Хитой барои коҳиши хавфи тармафароӣ ва мониторинги доимии қитъаи Майхураи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар баландиҳои гуногун пойгоҳҳои назоратӣ-мушоҳидавӣ насб намуд.
Марҳилаҳои насби пойгоҳҳои мушоҳидавӣ-назоратии қабати рӯйпуши барф ва раванди тармафароӣ

Ҳадафи Лоиҳа
Ташаккули заминаҳои илмию амалӣ барои пешгирии фаромадани тарма ва ҷорӣ намудани системаҳои муосири огоҳкунии пешакӣ бо мақсади коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ мебошад.
Технологияҳои асосӣ
- Системаи бисёрсенсорӣ барои мушоҳидаи раванди тармафароӣ;
- Интиқоли баландсуръати маълумот барои идоракунӣ дар вақти воқеӣ;
- Ҳалли мушкилоти иртиботӣ ва баланд бардоштани самаранокии мушоҳидаҳо.
Аксбардории қитъаҳои роҳ бо истифода аз таҷҳизоти мониторинги тарма
